БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОМЁБИҲОИ ТОҶИКИСТОН МУШТ БА ДАҲОНИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ АСТ

ВОКУНИШ. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии худ: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ  ноил гардида истодааст.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми давлат ба миён гузошта шуд, ки он саноатикунонии босуръати кишвар ва аз давлати аграрӣ ба давлати саноатию  аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.

 Ҳар соли сипаришаванда дар ҳаёти мамлакат соли пешравӣ, соли комёбиҳо мебошад.  Имрӯз ба кадом соҳае, ба пешрафту тараққиёти ин ё он  шаҳру ноҳияе назар нанамоем танҳо ба далелу рақамҳои фараҳбахш дучор меоем.  Имрӯз симои тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Ховалинги куҳан ба куллӣ тағйир ёфтааст. Аз  он созандагию бунёдкорие, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ, дар  замони Истиқлолияти давлатӣ дар асоси сиёсати ободкоронаи  Пешвои миллат ба анҷом расонида шудааст,  кас ба ваҷд меояд. Вале инро на ҳама чун фарзандони содиқи Ватан бо як ҳисси ифтихору қаноатмандӣ дида метавонанд. Ин пешравиҳо ба чашми душманони миллат чун хор мехалад. Худо чунон кӯрашон кардааст, ки на чандин нерӯгоҳҳои сохташуда, на роҳҳои ба чор тарафи дунё кушодашудаи автомобилӣ ва роҳҳои оҳан, на  корхонаҳои истеҳсолӣ, на биноҳои хуштарҳи замонавии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, дигару дигарҳоро дида наметавонанд.    Кори мекардагии онҳо ҳамагӣ  аз таги нохун чирк кофтан аст. Махсусан роҳбарони Ҳизби террористии наҳзати ислом бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки барои гуноҳҳои нобахшидании худ дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанд, ҳамарӯза бо дурӯғбофӣ мехоҳанд дар ҷумҳурӣ нооромиро ба вуҷуд биоранд. Мақсади онҳо дигар нашудааст. Мехоҳанд бо дигар кардани сохти давлатдорӣ сари қудрат бароянд. Вале ин дигар хобу хаёл аст. Имрӯз мардум дӯстро аз душман хуб ҷудо карда метавонанд. Медонанд, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ,  кӣ буд, кӣ мардумро ба гуреза гардидан водор сохт, ки чандин сол монеи сулҳи байни тоҷикон гардид. Мардум диданд, ки баъди ба мансабҳо соҳиб шудани мухолифини давлат онҳо чӣ гуна саллаю ришро як сӯ гузошта, ба гардан  галстук бастанд. Ин  ба он  далолат мекунад, ки ба номи Ҳизби наҳзат ҳамроҳ кардани калимаи “ислом” ба ғайр фиреби назар дигар чизе нест.

 Имрӯз сокинони кишвар сиёсати Пешвои миллат ва давлатро якдилона дастгирӣ менамоянд. Як нуктаро овардан ба маврид аст, ки тасдиқи ин гуфтаҳост. Бо сабаби паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус аз мардум хоҳиш карда шуд, ки танҳо хоҳиш, ки дар рӯзи Иди сайиди фитр хонагардак накунанд.  Шоҳиди ҳолем, ки дар он рӯз калонсолон он тараф, ҳатто кӯдакон   бе ягон дахолати мақомотҳо ба идгардак набаромаданд. 

Ба душманони давлату миллат гуфтанием, ки сокинони кишвар ба Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлати худ боварӣ доранд ва суханони бардурӯғ ва иғвоангезонаи шумо  ин бовариро, ки хеле ва хеле самимист, коста намегардонад. Ва баръакс нафрати мардумро нисбати шумо, душманони миллат зиёд мекунад.

Халилзода Сафар Хоҷа, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг, аз ҳавзаи интихоботии № 6      

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg