А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳизбиён ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тадбирҳои навбатиро ҷиҳати муқовимат бо коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳо бо сокинони деҳаҳои Вахш ва Ганҷинаи деҳоти Иттифоқи ноҳия пайгирӣ намуданд.
Мулоқотҳоро ҳизбиён бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда, вобаста ба баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ амалу тадбирҳоеро, ки бар зидди сироятёбии коронавирус мусоидат мекунанд, ба мардум фаҳмониданд.
Инчунин, дар рафти мулоқотҳо бо сокинон оид ба масъалаҳои самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо ва истеҳсолу истеъмоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ суҳбатҳо доир намуда, ба онҳо маводҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро дастрас карданд.