ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии навъи COVID - 19 ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замин барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамарӯза бо иштироки кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Вохӯрии навбатии волонтёрон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аз рӯйи усули “хона ба хона” дар кӯчаҳои Маҳаллаи №7 - и Ҷамоати шаҳраки Совет сурат гирифта, ба шаҳрвандон аз ҷониби шахсони масъули ҳизбӣ ба миқдори 60 дона ниқоби муҳофизатӣ, 120 адад маводҳои иттилоотӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ дастрас карда шуд. Ҳамзамон ба сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо дода, иброз намуданд, ки ҳар яки мо бояд дастаҷамъона муқобили ин беморӣ мубориза бурда, бо кишт намудан ва гирифтани ҳосили дилхоҳ, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат менамояд, саҳмгузор бошем.