БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИАМОНРО БОЯД МУҲОФИЗАТ НАМОЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  мунтазам барои пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус дар ҳамаи маҳаллаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳру деҳот ва роҳравҳои маркази шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ бо усули "хона ба хона" гузаронида истодаанд.

Вобаста ба ин масъулин ҳангоми тақсим кардани маводҳои таблиғотӣ ба сокинони маҳаллаи Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус огоҳ сохтанд, ки худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ ҳифз намоянд.

Инчунин, зимни баргузории Аксия маводҳои таблиғотӣ, аз қабили варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, ки беш аз 300 ададро ташкил медод, тақсим ва дастрасӣ сокинон гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg