КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба оқилона истифода бурдани қитъаи замин ва пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯриҳо дар маҳаллаҳо Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Кӯлоб доир намуда истодаанд.
Дар доираи ин вохӯриҳо дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Обшорон бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Зимни баргузории корҳои таблиғотӣ ба сокинони ин деҳа гуфта шуд, ки аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда, дар як вақт ду ҳосил аз як замин ба даст гиранд, то ки зиндагии худро ба ин васила беҳбуд бахшанд.
Дар баробари ин ба сокинони деҳа маводҳои таблиғотӣ, аз ҷумла 270 адад варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.