
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Солимии миллат – бақои давлат”. кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб роҷеъ ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “Хона ба хона” дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб гузаронида истодаанд.
Аз ҷониби масъулин вобаста ба риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва дуруст истифода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба сокинони маҳаллаи Ҳ.Алаберди шаҳри Кӯлобро хотиррасон карда шуда, беш аз 260 адад ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардид.