БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГИИ МУҲИТ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  бемории коронавирус, ки ба риояи  тозагии муҳити атроф вобастагии калон дорад, шанбегии умуминоҳиявӣ бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  баргузор гардид.

Иштирокдорони корҳои ободонӣ  дар ин рӯз  барои тоза намудани кӯчаву роҳравҳо ва назди ташкилоту идораҳо сарҷамъ шуда,  ба тозагию ободонӣ машғул гардиданд. Дар ин рӯз кӯчаву роҳравҳо ва обравҳои маркази ноҳия пурра аз партовҳо тоза карда шуда, дар ин маъракаи умуминоҳиявӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg