ДАНҒАРА. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар маҳаллаи Бинокорони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар сокинони маҳал иштирок доштанд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад оид ба дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ байни духтарону занон суханронӣ кард.
Дар охир бо дастгирии иштирокдорон дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.