
КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида дар шаҳри Кӯлоб корҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дар рафти аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон дидан намуда, ба онҳо оид ба самаранок истифода намудани замин тавсияҳои муфид доданд.