
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Ситоди ноҳиявии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳоро бо сокинон бо усули «хона ба хона» ва дар саҳро бо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба хуруҷи марҳилаи дуюми бемории сироятии короновирус, ҳамчунин истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин баргузор намуда истодаанд.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Тулаганови Ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир ба масъалаи мазкур баргузор намуда, ба мардум ҳолатҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятиро фаҳмонида, қайд карданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад, барои ин пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти оила, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собун ва дигар омилҳои тозагӣ ҳатмӣ ва зарур аст.
Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва кишти такрорӣ, инчунин захираи маҳсулоти кишоварзӣ, ба аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани ягон ваҷаб заминҳои дар ихтиёрашонбударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир фаҳмонида доданд.
Дар охир ба сокинон ба миқдори муайян хлор, 160 адад варақаи иттилоотӣ ва 110 адад ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.