БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ДЕҲАИ ШЕХМИЗОН

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ чорабиниҳои гуногуни беҳдоштиро амалӣ менамояд. Яке аз ин  чораҳои пешгирӣ  гузаронидани Аксияи тозагӣ мебошад, ки  бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар фаъолон дар маҳаллаҳои аҳолинишин  гузаронида мешавад. Чунин Аксия бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  Ғолибшоҳ Сироҷов дар деҳаи Шехмизони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузаронида шуд . Бошандагони деҳа дар ин рӯз ба ҳашари умумӣ баромада, дар баробари тозаю озода намудани гирду атрофи хонаю маҳали зисти худ, роҳу кӯча ва ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg