
АНДЕША. На ҳама одамон ин ё он душвориро пешакӣ дарк намуда, онро ҷиддӣ мегиранд. Онро дарк намекунанд, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст. Дар чанд моҳе, ки дар натиҷаи чораандешиҳо дар ҷумҳурӣ бемории коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд, суҳбат ба бархе аз одамон ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бе натиҷа буд. Имрӯз коронавирус бори дигар ҳушдор дод, ки саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст. Азбаски беморӣ аз одам ба одам мегузарад, риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи қатъии гигиенаи шахсӣ барои ҳифзи саломатии худу дигарон ҳатмӣ мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки як одами ба ин беморӣ гирифтор дар сурати риоя накарданаш ба талаботҳои беҳдоштӣ метавонад садҳо одамони дигарро ба ин бемории марговар гирифтор намояд. Чунин ҳолат дар Ветнам ба мушоҳида расидааст. Бо сабаби як сайёҳ, ки ба ин беморӣ гирифтор шуда, онро пинҳон доштааст, 200 нафар ба беморхона бистарӣ ва дар мамлакат як муддат коронтин эълон карда шуд. Бинобар ҳамин дар риояи талаботҳои беҳдоштӣ бояд ҳама масъул ва ҷавобгарӣ ҳис намоянд.
Як нуктаи дигар, ки дар Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зикр гардид, боиси қайд аст.
Дар Паёми табрикӣ омадааст: “ мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахттаро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем. Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем”
Ин суханони рӯҳбахш дар робита ба пешгирии бемории коронавирус, табобати гирифторони беморӣ ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд моро водор менамояд, ки ба овозаҳои бардурӯғ дода нашавем, ба ояндаи нек, зиндагии осоишта эътимоди қавӣ дошта бошем. Ин ҳолат сабаби дигари ба ин беморӣ гирифтор нагардидан аст.
Дар ин рӯзҳои душвор бояд меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш накунем, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, дасти ятимону ниёзмандонро гирем, аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода намоем, захираи на кам аз дусолаи ғизо дошта бошем ва ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми сазовор гузорем.
Саймумин Бобоназаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии 19