БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои расонидани маълумотҳои тиббӣ ба сокинони деҳаи Садбарго ва  ҷиҳати дуруст истифода бурдани ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, бе зарурат набаромадан аз хона бо усули “хона ба хона”  суҳбат намуданд. Дар суҳбат ба ҳар як аъзои оила таъкид карда шуд, ки гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намоянд. Зеро  амали хатои яке аз аъзои оила метавонад боиси сироятёбии дигарон гардад.

 Дар суҳбати доиргардида 87 нафар сокинони манзилҳои истиқоматӣ иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти зарурӣ  пайдо карданд. Дар охир ба ҳар як иштирокунандаи суҳбат тавсияи табибон дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg