
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус ва бо мақсади раҳнамои кардани сокинон дар самти самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбӣ доир намуданд.
Зимни суҳбат масъулин ба сокинон доир ба масъалаҳои мазкур дастуру тавсияҳои судманд дода, варақаҳои иттилоотиро вобаста ба пешгирии коронавирус дастрас карданд.