ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ дар ҳайати Табаров Фирӯзҷон мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Ҳусейнзода Наврӯз роҳбари Дастгоҳи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд. Намояндагони мақомоти болоии ҲХДТ дар доираи ташрифашон аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб шинос шуда, аз вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, гуррӯҳои таблиғотӣ, баргузории суҳбату вохӯриҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус Covid-19, қабули сифатнокии аъзои ҲХДТ, молиявӣ ва дигар масъалаҳо диидан карда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.