ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва мутахассиси шуъбаи умумии КИМ ҲХДТ Шаҳобиддини Ёқубзод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати омӯзиши фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сафари корӣ анҷом доданд. Зимнан Латифозода Асрор Қурбон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ, баргузории суҳбату вохӯриҳо вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон, қабули сифатнокии аъзои ҲХДТ ва дигар масъалаҳоро дида баромада, ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.