ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар назди якчанд муассисаи таълимии шаҳри Левакант бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорон ва кумитаҳои падару модарон сохтмони 16 синфхонаи иловагӣ ва як китобхона бомаром идома дорад.
Ба иттилои Ниёзалӣ Ашуров, раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» имрӯзҳо корҳои васлу насби дару тиреза ва рангуборкунии дохили синфхонаҳо ва қисми беруни биноҳо идома доранд.
Мо имрӯзҳо кӯшиш дорем, ки бо ҷалби омӯзгорони ҷавон ва ташкили ҳашару корҳои дастаҷамъона сохтмони синфхонаҳоро то саршавии соли нави хониш ба анҷом расонда, мушкилоти норасогии ҷойҳои нишастро бартараф созем, - илова намуд Н. Ашуров.
Дар идомаи суҳбат қайд гардид, ки имрӯзҳо дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бошад сохтмони муассисаи таълимӣ бо тарҳи наву замонавӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар маркази шаҳр сохтмони боз як муассисаи таълимии нав идома дорад.