КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон кӯмаки амалии худро дар сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, ки бар асари офати табиӣ зарар дидаанд, расонида шуд.
Дар корҳои сохтмонӣ намояндагони ҳизб ва волонтёрон саҳми арзанда гузошта, зимни бурдани корҳои таблиғотиву фаҳмонидадиҳӣ зикр намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори барои пешрафт ва зиндагии шоистаи марум фаъолият намуда, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи мардум аст. Дар охир сокинон аз давлату Ҳукумат, фаъолон, аъзо ва ҷонибдоронии ҲХДТ барои кумаку дастгириҳои беназирашон миннатдории хешро иброз доштанд.