КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи ба номи Малик Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, алалхусус пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ доир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ масъулин вобаста ба масъалаҳои зикршуда маълумот дода, иброз намуданд, ки самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб замини обӣ заминаи таъмини амнияти озуқаворист.