ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроия Абдуллоев Ваҳобиддин бо сокинони маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Қубодиён вохӯрӣ доир карда, роҳҳои гузариши бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ намудани онро ба таври муфассал шарҳ дода, диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риояи гигиенаи шахсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳо ва маҳал қатъиян риоя карда шавад.
Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани бемории коронавирус ба сокинон маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуданд. Ҳамзамон, дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.