ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таблиғотӣ ва тарғиботӣ дар самти риояи беҳдошти санитарӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятии коронавирус бо истиқоматкунандагони деҳаи Нурбахши Ҷамоати деҳоти Лолазор мулоқоту вохӯриҳо доир карда шуд.
Зимни мулоқот аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара таъкид гардид, ки гигиенаи шахсӣ, талаботи қоидаҳои ҷаъмиятиро риоя кардан нишона аз фарҳанги баланди шаҳрвандӣ мебошад ва мо кӯшиш намоем, ки дар ин давраи ҳассоси зиндагӣ аз ҳар гуна сафарҳо ва ҷамъшавиҳои безарурат худдорӣ намоем.