АНДЕША. Имрӯз олами диданиву шуниданҳо печидаи як хабар аст. Хабари вижаи манфури “коронавирус”. Ин дард авзои ҷомеаро ба гардиш оварда, торҳои асаби хурду калонро ба чигили андешаҳои ғамолудаи даҳшатбор печонидааст. Ҷомеаи башарӣ ҳарчанд ба по хеставу ҳазорон дармону нӯшдоруҳои аз ин дардро пеш овардаанд, аммо ҳанӯз ҳам дудилагиҳо дар мавриди наҷоти зудрасе аз мариз боқӣ монда. Хуш аст, ки ахбори радиоиву телевизионӣ ва авроқи рӯзномаҳо оид ба коҳиши башасти сирояти беморӣ рӯз ба рӯз умедҳоро қавитар месозад, сари андешаҳои ботилро мешиканад. Бо вуҷуди ин ҳама “коронавирус” бо ҷамъи дигар дардҳо ҷонҳои зиёдеро гирифт, ки миёнашон азизҳои дили ҳамдиёрони мо низ буданд...
Падаргумкардаҳо...модаргумкардаҳо...бародару дӯстони қарингумкардаҳо... ва дигар азизони дил дар панҷаи ин дард фурӯ рафтанд...
Вирусҳои сироятӣ дар тӯли солҳои мавҷудияти олам ҳамрадифи одамӣ зиндагӣ мекунанд. Чун организмҳои зиндаанд бо зиндаҳои табиат пайванданд. Танҳо давоми сад соли охир дар ҳаёти мардумони сайёра навъҳои гуногуни вирусҳои сироятии хатарзо зуҳур кардаву боиси марги миллионҳо одамони синну соли гуногун гардидаанд. Ҳанӯз соли 1920 бо гузаронидани таҷрибаҳои ҳарбии амрикоӣ озмоиши бактерияи сератия маркескенс сурат гирифта буд, ки боиси пайдоиши бемориҳои инфексияи роҳи нафас, чашм, мененгит ва эндокардит гардиданд. Чунин амалҳо ба воситаи дорупошиҳо, заҳролудсозии бағоҷҳои мусофирон дар тайёраҳо, ки дар доираи барномаҳои ҷангҳои бактериологӣ амалӣ мешуданд, аз ҷониби дастандаркорони амрикоӣ солҳои 1930, 1942, 1948, 1950, 1966, 1969 низ анҷом дода шуда буданд. Марговартарин вирус дар ин садсола ҳанӯз соли 1918 бо номи “испанка” дар Иёлоти Муттаҳида рух дода буд, ки бино ба маълумоти манбаъ (“Минбари халқ”, №20, 13 майи с. 2020) он 18 моҳ тӯл кашида, дар ин давра тақрибан 550 млн. нафар ё қариб 30 фоизи аҳолии ҳамонвақтаи ҷаҳон ба он гирифтор шуданд ва аз 50 то 100 млн. нафар фавтиданд. Мо тавассути шабакаҳои иттилоотӣ аз сирояти вирусҳои “эбола”, зукоми хук, зукоми парранда ва амсоли ин низ огаҳем, ҳарчанд аз омори фавтидагони ин бактерияҳо воқиф нестем, аммо оқибатҳои даҳшатбори онро дарк мекунем.
Коронавируси феълан бо ҳаёти инсонҳои сайёра дар набард низ маҳсули ақли инсон аст ё оқибатҳои носазои амалҳои худи инсон бар муҳити зисти худ.
Мо ҳамеша дар зиндагии муқаррарии худ бо навиштае бармехӯрдему ба худи дигарон таъкид ҳам мекардем. “Тозагӣ гарави саломатист”. Инро ба забон меовардему ҷавҳари онро амиқ дарк намекардем. Худбовариҳои зиёд доштем. Муҳити зисти зудро аз ҳавлиҷой то кӯчаву маҳалла кам ба эътибор мегирифтем. Ифлосию партобҳоро ҳар куҷо пеш меомад, ғарам месохтем. Ва акнун ба қадри кӯчарубҳои кормандони хизмати коммуналӣ мерасидагӣ шудем. Онҳо буданду ҳастанд, ки партобу ахлотҳои одамонро тоза мекунанд ва нахустин табибони рӯзгори моанд. Боре сахт ба амали поккории ин табақаи дар нигоҳи ҳамагон (аз даврони шӯравӣ то имрӯз ҳам) оддиву кори ғализу бӯйнок, ки камшумор афрод майли пайвастан ба ин шуғл доштанду доранд, зеҳн мондам. Онҳо дар бӯю таф олуда шуда, муҳити зисти моро тоза мекунанд ва ҳарфи миннате ба забон намеоранд. Онҳо арзандаи қадршиносианд. Шаҳрдори ҷавони Душанбе беҳтарин иқдоме дорад, ки ҳар семоҳа ҳавасмандпулӣ ба маоши кормандони ин соҳа изофа мекунанд. Ин амалро ба кӯчарӯбону ахлотпартоёни музофотӣ низ роиҷ донистан аз гӯшаи савобу инсоф аст. Агар воқеан атрофу акнофи худро тозаву озода дидан хоҳему ҳеҷ вирусе ба фазои нафаскашии мо ворид нашавад ин табақаро кӯмак кунем ва ба фаъолияти ишон имкониятҳои бештар бояд фароҳам оварем. Кормандони соҳаи поккорӣ қасами расмие надоранд, сидқан барои маоши зиндагӣ ва адои шуғлашон беғаразона заҳмат мекашанд. Табибонро ҷойи тавсифу раҳнишондиҳӣ ниёз нест. Онҳо савганди Гипократ хӯрдаанд, нерӯи авитсенагӣ ба худ доранд. Ҳақ надоранд хато кунанд ва онҳо ҳар он чӣ дар тавони донишу амалашон ҳаст дар шифои дардмандон сарф мекунанд ва бояд кунанд!
Гулшинонию гулпарварӣ ва ҳифзи табиати сабзи диёр низ омили дигари покизагии фазои рӯзгори мост. Зеро бӯи муаттари гулҳо чи дар ҳавлиҷой ва қад-қади роҳравҳои кӯчаҳо, ки феълан ба ҳукми одати ҳамешагии шаҳрдорону сокинон даромадааст, гардҳои ҳаворо тозаву димоғҳоро кушода месозанд. Дарахтони сабз нақши ҳавософсозии муҳитро адо мекунанд. Ба ҳукме бо табиат дӯсти қарин будан, ба рушди табиати атроф мусоидат кардан маънии зиндагии худро беҳтар сохтанро дорад.
Насли мактабӣ зинаи аввали камолоти инсон аст. Аз ин рӯ ҷоннок намудани донишҳои табиатшиносӣ, тақвияти муҳаббат ба дороии табиат, ҳифзсозии олами наботот, гулпарвару тозакориҳо ва баланд бардоштани зеҳнияти зебопарастӣ метавонад нигоҳи наврасонро ба зиндагӣ меҳрпарварона камол бахшад. Дарсҳои гулпарварӣ, маҳфилҳои “Табиатшиносии ҷавон” ва соатҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои тозагию поккориҳо масъулияти омӯзгорони фанҳои таълими меҳнат,роҳбарони синфҳо ва масъулони маҳфилҳо маҳсуб мешаванд. Гузаронидани озмунҳои дӯстдорони табиати зинда, гулшинониву ниҳолшинониҳои амалӣ дар фурсатҳои мувофиқ ва амсоли ин амалҳо низ дар ворастани меҳри наврасон ба зебоипарастӣ таъсиргузор хоҳад буд.
Яъне, боз ҳам расидан ба ғолибият ба ҳама гуна вирусҳои сирояткунанда, хоса иншабурӯз ба COVID-19, ки пешорӯи мо истодааст, вусъати поккориҳо, риояи ҳамешагии гигиенаи шахсӣ, истифодаи саривақтии маҳлулҳои антисептикӣ, пӯшидани ниқоб дар ҳолатҳои зарурӣ заруранд. Ва болотар аз ҳама ва шояд муҳимтар аз ҳама қавӣ гардонидани неруҳои ақлонии ҳамдигарӣ бо ҳақиқате, ки инсон қудрати раҳоӣ аз ҳама муқобилатҳои табииро дорост, паҳлуи ҳам истодану дар Ваҳдати зичтари якдигарӣ ба фарзияи маъмулӣ “як кас барои ҳама, ҳама барои як кас” зиндагиро дилпурона пеш барем.
Барои ҳамин офаридгор инсонро боақлтарин, дӯстдоштатарин ва нерумандтарин махлуқи худ офаридааст!
Бахтиёр Одинаев, сармутахассиси шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ