ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи корӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халтон, Ҳусейнова Сайёра сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва Холов Алишер таҳлилгари маводҳои сомона ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ташриф оварданд.
Гурӯҳи корӣ зимнан аз рафти ҳуҷҷатгузории фаъолияти волонтёрӣ шинос гардида, дастур доданд, ки байни Кумитаи иҷроияи ҳизб ва ихтиёриён шартнома баста шавад. Ҳамзамон, зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатгузории Кумитаи иҷроия, барои беҳтар шудани сифати коргузорӣ маслиҳатҳои саривақтӣ доданд. Инчунин, ҳайати гурӯҳи корӣ барои гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва ба таҳлука наафтидани онҳо ва ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаю канори Ватани маҳбубамон ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои судманд доданд.