Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сармутахасиси шуъбаи ташкилии КИМ ҲХДТ Шаҳобиддини Ёқубзод ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидшо Асроров сафари корӣ анҷом доданд. Зимни боздид намояндагони мақомоти болоии ҲХДТ аз фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ, ҳайати сифатии аъзои ҲХДТ ва суҳбату вохӯриҳо бо сокинон доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои дар ихтиёрдоштаи шаҳрвандон дидан карда, ба шахсони муттасаддӣ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судманд доданд. Инчунин, дар ин раванд аз рафти фаъолияти якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан карда, ба масъулин барои боз ҳам пурзӯр намудани робита бо Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баҳри татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маслиҳатҳо доданд.
Архивӣ Моҳона
- Июн 2020 (711)
- Май 2020 (582)
- Апрел 2020 (436)
- Март 2020 (204)
- Феврал 2020 (1058)
- Январ 2020 (725)
- Декабр 2019 (351)
- ноябр 2019 (452)
- Октябр 2019 (540)
- Сентябр 2019 (487)