ВОСЕЪ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба 73-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Охҷар» ҷамъомади ҳизбӣ баргузор гардид.
Ба ин муносибат толори мактабро шиору овезаҳо дар васфи «Ғалаба муборак, ҳамдиёрон!» «Иди Зафар муборак!» , «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!», китобҳои бадеӣ ва расмҳои дорои мазмуни ватандӯстӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.
Ҷамъомадро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Охҷар» Ҳамидов Сайҳомид ҳусни оғоз бахшид. Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Рӯзигул Қурбонзода зимни суханронӣ қайд намуд, аз он рӯзҳои хурсандибахши моҳи майи соли 1945, ки садои охири тиру туфанг шунида мешуд, 73 сол сипарӣ мешавад. Ба хотир овардани солҳои рафта, корнамоию ҷонбозиҳои мардони шуҷоъ қарзи ҳар як фард аст назди наслҳои имрӯзу фардо. Имрӯзҳо гардчанде бисёре аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар байни мо набошанд, ҳам корнамоӣ, диловарӣ ва номи неки родмардон ҳамеша дар қалби мо ва наслҳои оянда низ абадӣ боқӣ мемонад.
Инчунин, дар ҷамъомад чанде аз иштирокчиёни ҷавон дар мавзӯъи Тоҷикистон ва аз корнамоиҳои қаҳрамонони миллати тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронда, қайд карданд, ки барои мо ҷавонон қаҳрамонии онҳо рамзи зиндагию мардонагӣ мебошад.
Ҳамзамон масъулин пеш аз оғози чорабинӣ ба аёдати 3 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тағоев Абдураҳмони 95 сола аз деҳаи Селбур, Саттори Субҳонқули 93 сола аз деҳаи Тосқаъла ва Абдуллоев Пирии 94 сола аз деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев рафта, ба онҳо кӯмаки яквақтаи пулӣ расонида шуданд.