БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии “ҶДММ-Баҳор” оид ба пешгирии коронавирус навъи COVID-19 вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия дар бораи якчанд тавсияҳои табибон нисбати нишонаҳо ва пешгирии бемории коронавирус суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки аломатҳои нишона аз ин беморӣ ҳарорати баланд, сулфазанӣ, нафастангӣ, дарди сар, яъне ҳамаи он нишонаҳои бемории роҳҳои нафас ба монанди зуком мебошанд. Дар фарқият аз нишонаҳои бемории зуком ин беморон агар сари вақт ба табобат фаро гирифта нашаванду ба худмуолиҷа даст зананд, дар онҳо оризаҳои беморӣ, хусусан дар узвҳои роҳи нафас ва шушҳо сар мезанад. Дар фарҷом ба сокинон маводҳои итилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg