БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ МЕТАВОНАД МАНБАИ ДАРОМАД БОШАД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб пайваста  аз ҳолати кор дар  заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи онҳо дидан намуда, барои истифодаи самаранок аз онҳо  маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳад, ки сокинони марказ ва деҳоти ноҳия аз заминҳои наздиҳавлигии худ тавассути меҳнати ҳалол даромади калон мегиранд.

Мегӯянд, ки харбуза аз харбуза ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя...”. Натиҷаи ин гуфтаро дар Ховалинг дар истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ бараъло мушоҳида кардан мумкин аст.

Имрӯз шояд дар ноҳия шахсе ёфт нашавад, ки аз замини наздиҳавлигии худ истифода накарда бошад. Ҳангоми боздиди   беш аз  59 заминҳои наздиҳавлигии  сокинон дар деҳаи Чепиволи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ба замини наздиҳавлигие дучор наомаданд, ки беистифода монда бошад.

Дар суҳбатҳои доирнамуда ба соҳибхонаҳо зарурат ва аҳамияти истифодаи замин ҷиҳати дастрась ба ғизои солим таъкид карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg