БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТ БО ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН ДАР ДЕҲАИ ДӮСТӢ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва воридшавии зарар ба соҳаҳои  иқтисодиёту иҷтимоиёт дар ҷаҳон  истифодаи ҳар ваҷаб замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, ба кор андохтани заминҳои  бекорхобида ба яке аз масъалаҳои асосӣ ва   ҳаётан муҳим  табдил ёфтааст.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо гузаронида шуда, дар ин рӯз кормандони Кумитаи иҷроия аз заминҳои наздиҳавлигии бештар аз 63 оилаи деҳа дидан намуда, ба фаъолияти меҳнатии заминистифодабарандагон, ки дар заминҳои назди хонаашон тамоми номгӯи маҳсулотро кишт намудаанд ва нашъунамои хуб доранд, дидан карда,  ба меҳнати онҳо баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg