ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Боғистони Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроия Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинон оид ба риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ карда, қайд намуд, ки солимии ҳар яки мо аз риояи гигиенаи шахсӣ вобаста аст. Сипас, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроия ба сокинони деҳаи Боғистон муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба пешгирии бемории сирояитӣ ва маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.