ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Боғистон Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев корҳои фаҳмондадиҳӣӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода бо сокинон оид ба ҷалби бештари онҳо ба зироаткорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ суҳбат намуда, таъкид кард, ки танҳо меҳнат моро ба зиндагии шоиставу арзанда мерасонад. Бинобар ин бо мақсади таъмини оилаҳои худ бо маводи ғизоӣ, бояд мо аз заминҳои дар ихтиёрамондошта, самаранок истифода барем.
Дар охири чорабинӣ ба кишоварзон маводҳои таблиғотӣ барои истифодабарии самараноки заминҳо дастрас гардонида шуд.