ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба дарки сокинон расонидани моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафари корӣ ба вилояти Хатлон, пешгирӣ аз коронавирус ва чорабинии ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир гардида, ҳамарӯза Оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус ва истифодаи самараноки қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули «хона ба хона» чорабинии ҳизбӣ доир карданд.
Масъулин зимни суҳбатҳои сарироҳи сокинонро ба татбиқи дастуру супоришҳои аз сафари кории Роҳбари давлат бароянда, риояи гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳали зист, интихоби тарзи ҳаёти солим ва самаранок истифода бурдани заминҳои дар ихтиёрашондошта раҳнамоӣ карда, ба онҳо маводҳои таблиғотиро дастрас намуданд.