МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Чилдухтарони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмониро баргузор карданд.
Инчунин, дар чорабинии ҳизбӣ бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шарифзода Лутфия ва Азимов Маъруф 100 дона ниқоб, 55 адад варақаҳои иттилоотӣ, 50 дона маводҳои гуногуни тиббӣ ба сокинон дастрас карда шуд. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзобаротзода Салоҳиддин иштирок дошта, сокинонро барои риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва вусъат бахшидан ба кишти такрорӣ ба хотири саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид намуд.