ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ бо усули «хона ба хона» дар кӯчаҳои ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Сино корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуданд.
Масъулин дар чорабинӣ чигуна пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, риояи гегиенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии коронавирус фаҳмонида, таъкид карданд, ки моро мебояд, ба таҳлука наафтида, тарзи ҳаёти солимро пеш гирем, ба зиндагӣ хушбин бошем ва ҳамеша тарғибгари ҳаёти солим бошем.
Дар охир ба ҳамагон барои истифода аз рӯи тавсияҳои дар варақаҳои иттилоотӣ овардашуда, маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуданд.