ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!» дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр, инчунин бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Левакант корҳои ободонӣ вусъати тоза дошта, як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин раванд ба анҷом расонида шуданд.
Чунин иқдоми неку созанда аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳр дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард” дар назди бинои баландошёнаи кӯчаи Борбад-1 доир гардида, роҳи мошингарди назди бино аз таъмири хушсифат бароварда шуд.