КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Ориён” вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба иҷрои босифати қисми даромади буҷаи ноҳия, роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, сари вақт ва пурра иҷро намудани андозҳо, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳарф зада, қайд намуданд, ки саломатӣ сарвати бебаҳост, аз ин рӯ агар таби баланд, сулфа, душворшавии нафаскаширо дар худ мушоҳида намудед, аз ниқоби яккарата истифода бурда, ҳатман ба духтури минтақавӣ муроҷиат намоед.
Дар охири чорабинии мақсаднок ба иштирокдорон муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории коронавирус тақсим карда шуд.