ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои захираи маҳсулоти хӯрокворӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳаи Восеободи хурди Ҷамоат деҳоти ба номи Абдӣ Авазов оид ба гузаронидани кишти такрори аз рӯи усули “хона ба хона” бо риояи масофа суҳбат гузарониданд.
Дар вақти суҳбат ба шаҳрвандон варақаҳои итттилоотӣ оид ба самаранок истифодабарии замин дода шуда, ба ҳар яки онҳо дастур ва супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида шуд.