ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи А. Мирзоеви Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо мақсади пешгирӣ ва фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» ҳамарӯза идома дода истодаанд.
Ба сокинони деҳа масъулин роҳҳои пешгирии бемории коронавирус, қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доштанро фаҳмонида, барои иҷро варақаҳои тавсиявиро дастрас намуданд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бештар гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат худдорӣ намоянд.