БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештарии манфиатҳои миллӣ. Дар доираи сафари кории гурӯҳи кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар таҳти роҳбарии муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор ташриф оварда, аз шароити кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан карданд. Гурӯҳи кории мазкур бо аъзо ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии “Бозори Ҳоҷӣ Шариф”, “Ҷавонони шаҳр” ва “Маркази фарҳангии шаҳр” ҳамсуҳбат шуда, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани кори ташкилотҳои ибтидоӣ, мустаҳкам намудани робита бо сохторҳои болоии ҳизбӣ маслиҳатҳо дода, таъкид доштанд, ки аъзои ҲХДТ бояд дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат фаъол бошанд. Зеро ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳадафҳои миллӣ, давлатӣ ва стратегии Ҳукумати Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар амалигардонии он аъзои ҳизб бояд саҳмгузорӣ кунад. Ёдовар мешавем, ки намояндагони КИМ ҲХДТ аз рафти корҳои сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дидан карда, барои ҳарчи зудтар ба истифода супоридани бинои ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.