БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚДИМИ МОШИНҲОИ ХИДМАТӢ БА ҲИЗБИЁН

Рӯзҳои 11, 12-уми июни соли ҷорӣ муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва аъзои гурӯҳи корӣ аз кумитаи марказии ҳизб ба ноҳияҳои Қубодиён ва Носири Хусрав сафари корӣ анҷом доданд.

Ҳайат нахуст бо шароити кории ҳарду кумитаҳои иҷроия ва якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, низоми коргузорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, муросилоти почтавӣ, нақшаи баргузории аксия ва ташаббусҳои ҳизбиён шинос шуданд.

Асрор Латифзода дар маҷмӯъ аз фаъолияти кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳарду ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, онҳоро муваззаф кард, ки бо мақсади истиқболи шоиста аз 30-юмин солҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои созандаи ҳизб боз ҳам бештар кӯшиш кунанд. 

Сипас, бо мақсади густурдатар ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, хусусан, дар деҳотҷойҳои дурдаст ба роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Қубодиён автомашинаи хидматии тамғаи “Tayota Corolla” ва ба Носири Хусрав “Opel Frontera” тақдим карда шуд.

-Дар ноҳияи мо деҳаҳои аз марказ дур зиёданд, – иброз дошт Маҳмадаюб Шарифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён.  – Чорабиниҳои ба манфиати халқ нигаронидашудаи ҳизбиямон низ кам нестанд, аммо барои тез-тез ба он мавзеъҳо рафтан мушкилоти қобили мулоҳиза пеш меомад. Акнун ки соҳиби автомашина шудем, бовар дорем, боз ҳам беҳтар фаъолият карда метавонем. Барои ин туҳфа, пеш аз ҳама, аз Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорем! 

Иқдоми мазкур тайи ду соли охир ҷараёни тоза гирифта, дар муддати кӯтоҳ кумитаҳои иҷроияи 17 шаҳру ноҳия бо автомашинаҳои гуногунтамға, назири “Mercedes Benz”, “Hyundai Tucson”, “Chevrolet Cruze”, ”Lacetti Cruze”, “Opel”, “Нива” ва ҳоказо аз ҳисоби маблағҳои дохилии сохторҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон харидорӣ гардиданд. Феълан ба ғайр аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дигар ҳамаи сохторҳои ҳизбӣ соҳиби автомашинаҳои хидматӣ шудаанд.

Боиси зикр аст, ки дар самти таъмини шароити мусоиди корӣ аз соли 2018 то кунун дар 16 шаҳру ноҳия биноҳои нави ҳизбӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

-Бинои мо соли 2014 сохта шуда, бо ҳама шароити зарурии фаъолият таъмин гардидааст. – зикр кард Сурайё Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав. – Ин боиси он гардидааст, ки мо дар ҳуҷраҳои тозаю озода корамонро мувофиқи мақсад ба роҳ монда, бо истифода аз дастуру маслиҳатҳои методии роҳбарияти болоии ҳизб саҳми худро дар пешрафти ноҳия ва вилоятамон гузорем.  

Айни замон сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Вахш, Панҷ ва Восеъ бомаром идома дошта, дар назар аст, ки то охири соли равон ба истифода дода шаванд. Иншоотҳои мазкур аз ҳисоби кумитаҳои иҷроияи шаҳрию ноҳиявӣ ва саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорон сохта шуда истодаанд.

А. Латифзода ин ободкориҳоро аз дастгирии ҳамешагии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, зимни вохӯриҳо ҳамагонро талқин кард, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо аз таҳти дил бо дасту дили пок меҳнат карда, дар ободии як гӯшаи диёр саҳм гузоранд ва ба ин васила худро ҳамчун аъзои сазовори ҲХДТ муаррифӣ кунанд.

Боздиду вохӯриҳои ҳайати кории дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси ҳизб Латифзода Асрор Қурбон дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон идома доранд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg