КӮЛОБ. Дар доираи “Солҳои таҳкими бештари манфиатҳои миллӣ (2020-2021)”. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба самаранок истифода кардани заминҳои бекорхобидаи наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб суҳбату мулоқотҳо доир шуда истодааст.
Вохӯрии навбатӣ дар маҳаллаи “О.Сарварова”-и шаҳри Кӯлоб доир гардида, хотиррасон намуданд, ки заминҳои бекорхобидаро ба гардиш дароварда, дар самаранок истифода намудани он талош варзанд.