НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории сироятии короновирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни сокинони шаҳр пурзӯр намуда истодаанд.
Ҳамарӯза аз ҷониби Кумитаи иҷроия ба сокинони шаҳр ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас шуда истодааст. Сокинон аз иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ ҷиҳати пешгирии ин беморӣ арзи сипос намуда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани ин беморӣ кӯшиш намуда истодаанд.