«Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
АНДЕША. Дар тӯли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон шоҳиди он гардидем, ки ҳар як иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу субот, оромиши ҷомеа, рушди устувори иқтисодиву ичтимоӣ, эҳёи анъанаву суннатҳо ва таърихи гузаштаи пурғановати миллат, муаррифии арзандаи миллати тоҷикон дар арсаи ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба зиндагии шоистаи мардум равона карда шудааст.
Бояд гуфт, ки фарҳанги миллати тоҷик асрҳо боз бо фасонату тамаддуни оламшумулаш дили муҳаққиқону пажуҳишгарони оламро рабуда аст. Дар давраҳои шебу фарози таърих миллати тоҷикро бо фарҳангу мероси бою ғанӣ истеъдодҳои созанда ва ашхоси соҳибдарку соҳибзавқаш мешинохтанд ва эътироф мекарданд. Дар воқеъ, таърих оинаи ҳар як халқу миллат баҳисоб рафта, моро мебояд, ки ин оинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки наслҳои минбаъда, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он давра равшану возеҳ омӯхта то ба наслҳои дигар расонида таърихи пурғановати хешро ба гӯшаи хаёли хомӯшӣ набаранд.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, моҳи марти соли 2018 вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат баргузор гардид. Сарвари давлат дар суханронии хеш дар ин вохӯрӣ қайд доштанд, ки бо дарназардошти аҳамияти таърихӣ доштани шаҳри қадимаи Саразм соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали солҳои 2000 – ум ба ёдгории таърихии Саразм ҳамчун барҷастаи намунаи осори таърих таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз 21 сентябри соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ташакулли тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» таъсис дода шуд.
Бо заҳмату талошҳои фарҳангпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ёдгории қадимтарин, ки ба давраҳои энеолит ва аввали асри биринҷӣ Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, 31 июли соли 2010 аз ҷониби «ЮНЕСКО» ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ дохил карда шуд. Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида то ба имрӯз ба феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ 890 макони дорои аҳамияти башарӣ дошта сабт шуда, аз ин шумора 689 мероси фарҳангӣ, 176 макони таббиӣ, 25 макони омехтаи фарҳангию табиӣ, ташкил дода, аз тарафи 148 кишвари рӯи олам сабт шудаанд.
Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III-II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба ҳамин сол рушд кардаасту инкишоф ёфта аст.
Ёдгории қадимаи Саразм дар соҳили яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна Зарафшон дар баландии 910 км аз сатҳи баҳр 15км аз ш. Панҷакент ва 45 км дуртар аз шарқи шаҳри Самарқанд ҷой гирифтааст ва ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В.А. Литвитс Саразм маънои «Сари замин»- ро дорад.
Ба гуфтаи бостоншиносон шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буда, саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ, киштукори заминҳои обӣ ва лалмӣ машғул буданд.
Ҳангоми кофтукови бостоншиносӣ аз ёдгории қадимаи Саразм кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шуда, ҳунарҳои заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Миқдори зиёди бозёфтҳои модии воридотие чун лоҷварди Бадахшон, ақиқи Қайроқум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси маданияти Балуҷистон, Систон ва Афғонистон, бо роҳи тиҷорат ба Саразм ворид мегаштанд. Аз ҷониби дигар саразмиён паҳнкунандагони лоҷварду маҳсулоти маъдании шимолу шарқи Осиёи Марказӣ, аз қабили тиллову нуқра, мису қурғошим ба самти ҷанубу Шарқи Миёна будаанд. Дар ин маврид ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омезишёбӣ ва таккомули чандин маданияти ақвоми ҳиндуаврупоӣ ба назар мерасад. Бузургии мақому мавқеи ёдгории Саразм миёни ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Шарқи Миёна маҳз дар ана ҳамин аст.
Рустам Шарипов, узви ҲХДТ, сардори Департаменти тарбияи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб