БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ДОНИШҲОИ СИЁСИИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ва шинохту эътирофи давлати навини Тоҷикистон дар даҳаи нуҳуми асри 20 падидаи басо фаромӯшношуданӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд. Таърих гувоҳ аст, ки замоне миллати тоҷик Истиқлолияти давлатиро ба даст овард ва баъде чанд фазои озоди ин Ватанро абри сиёҳи ҷангу бедодгариҳо пӯшонид. Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ҳарчанд ба ҷанги таҳмилии мувваққатӣ рӯ ба рӯ гардида бошад ҳам, аммо бо зарурати таърихӣ ва нерӯи фикрӣ, инчунин бо фитрати азалии мардуми кашвар дар кӯтоҳтарин муҳлати вақт, ҷанги таҳмилиро ба сулҳи устувор иваз намуд. Сари давлат шахсияти ғайриоддие  омад, ки тамоми вуҷуду ҳастияшро баҳри ҳимояи ин марзу бум фидо кард. Имрӯз сарҷамъии ин халқи кишвар ва шинохти он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат аст.

Албатта, дар шинохти шахсияти ин марди таърихофарину давлатсоз ва мавзӯи вобаста ба ин чеҳраи нурафзо, ки маромбардории сарнавишти  миллатҳои маскуни Тоҷикистони азизро бар уҳда дорад, саҳлу содда андеша рондан ва бе далелу аснод сухан гуфтан раводиди ақлу инсоф набошад. Тақдири волои мо ҷавонон аст, ки аз ҷанг бархурдор наем, вале телевизионҳои ҷумҳур тавонист силсилафилмҳои мустанадро баҳри моён, аз он рӯзҳои яъсомезу дардноку бебарор,  ки мардум ба худ мепечиду фиғон ба фалак мебаровард ва машкҳоро аз хунобаи дида пур карда буданд, омода намуд. Он рӯзҳо гузаштанд, оре гузаштанд...

Имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон якҷо бо ҷавонони дорои истеъдодҳои нотакрор ва ояндасоз гузошта истодааст. Давлати тозабунёд ва ҷавони мо дар меҳвари истиқлолияти комил ва сулҳу якдилии хеш дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати хоссаеро бо пешниҳоди чандин барномаҳо ва бо барпо кардани симпозиумҳои сатҳҳои ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳо ва мушкилоти аҳли сайёра тавонист дар фурсати кӯтоҳи вақт обрӯяшро боло барад. Шоёни гуфтан аст, ки ин ҳама бахту пирӯзӣ ва нишоту шодмонӣ аз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат вобастагӣ дорад.

Ин ҷо мехоҳам иқдомоти Пешвои миллатро дар пурзӯр намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеаро, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад, махсусан таъкид намоям.  Боиси қаноатмандист, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалӣ роҳбарияшон ҷавононро ояндаи миллат меҳисобиданд. Бо ибтикори Сарвари давлат 2 – феврали соли 1993 мулоқоти роҳбарияти кишвар бо ҷавонон баргузор гардид. Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз ҳам хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Пешвои миллат нуқтаи пурмазмуни барномавиашонро чунин оғоз намуда буданд: “Имрӯз дар ин толор ман чеҳраҳои кушоди  шумо, гармии чеҳраи ҷавонони кишварро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирону барнодилони рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо  ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям. Мехоҳам, ки дар ин суҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавононе ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳодоти муфид медиҳанд...”

Воқеан, аз ин суханрониҳои Пешвои миллат, ки аз рӯзҳои нахустини сари ҳокимият омаданашон тамоми боварияшро ба сӯи ҷавонон равона сохта буд, чунин хулоса баровардан метавон, ки ҷавонон ҳимоятгар ва ободгаронӣ ин сарзамин ҳастанд. Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва мавриди назар гирифтаи Ҳукумати кишвар ин самти– Сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҷавонон эълон гардидааст. Тавре, ки Пешвои миллат 16 майи соли 1998 ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди кишвар таъкид намуда буданд: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар ҳисобида, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зуроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем”.

Албатта, ки Сарвари давлат дар ҷавонон он қувват ва тавоноии амиқеро дида буданд ва пайваста баҳри рушд ва боло бардоштани ҷабҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон барномаву стратегияҳои зиёдеро ба тавсиб расониданд. Чи гунае, ки ҳамагон огаҳем Пешвои миллат солеро дар ҳаёти иҷтимоии мо ҷавонон, яъне соли 2017-ро соли Ҷавонон  эълон доштанд.

Дар ин миён саволҳои домандоре ба вуҷуд омада, ки чаро Ҳукумати кишвар маҳз ҷавононро ояндаи миллат номиданд ва соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон доштанд?

Ба зоҳирбинон муяссар нашуд, аммо донишварзони боҳуш ин нуқтаро хуб дарёфтаанд.

Ҷавонон, албатта ҷавонони дорои андешаҳои муосирдошта ва бо ақлу маллакаи вижа, натанҳо ояндаи миллат, балки метавонанд ояндаи миллатро ба ояндагони миллат бубахшанд. Ва соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 на ба хотири  табрикоти мо ҷавонон буд, он паёми ҳушдорӣ буд, ки Пешвои миллат мо ҷавононро ба ояндаи навини Тоҷикистон ҳидоят намуда, барои аз даст надодани зиракиву чолокии сиёсӣ аз таззодҳои замони муосир воқиф бошем. Мо ҷавонон итминони комил дорем якҷо бо ҳадафҳои  бунёдии Пешвои миллатамон ва бо кӯшишу саҳмгирии бевоситаи ҷавонони фаъоли кишвар рӯ ба сӯи саодату пирӯзӣ ва дар сафи давлатҳои мутаррақии сайёра ҷойи худро муайян месозем. Мавриди зикр аст, ки ин ҳама хушбахтии миллати мо маҳз арзу талоши шабонарӯзии марди боҳиммат Президенти ғамхорамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки осоиштагиро дар ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ дидем. Ваҳдати босуботи кишвар, сулҳу оштӣ мо ҷавононро дубора рӯҳияи баланди ватандӯстӣ бахшид ва огоҳ намуд, ки ин арзиши гаронбаҳо, яъне “Истиқлолияти комил”-и давлату миллати хешро ҳамеша аз хориҳо нигаҳбон бошем.

Манучеҳр Латифов, узви намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри  Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg