БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТИ СОФДИЛОНАИ БОҒДОРОН

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Сокинони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ,  деҳаи Зиракии шаҳри Кӯлоб ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар қитъаи замин дар шаҳри Кӯлоб самаранок  истифода шуда, деҳқонон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосил ба даст биёранд.

Масъулин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз раванди самаранок истифода бурдани замин дидан намуда, ба боғдорон тавсияҳо дода, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Боғдорон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки майдони боғу токзорро зиёд намуда, ба ин васила мехоҳанд аввалан бозорҳои дохилӣ ва   талаботи  тоҷирони хориҷиро таъмин  намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg