БАЛҶУВОН. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаҳои Диҳии куҳна ва Сиёҳлояки ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Ғуломов Асомуддин ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Муродов Раҷабалӣ иштирок намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, яъне бемориҳои ВИЧ/СПИД, гепотит, сил, пешгирии ҷавон аз истифодаи маводи мухаддир суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, масъулин дар баробари баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти ҳунарҳои мардумӣ ёдовар шуда, иштирокдоронро ҷиҳати муборизаи маташккилона бар зидди амалҳои нашъамандиву нашъаҷалобӣ, ҳифзи сиҳатии омма ва саҳмгузор будан дар корҳои ободониву созандагӣ раҳнамоӣ карданд.