КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021). Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қитъаи замин дар шаҳри Кӯлоб самаранок истифода шуда, шаҳрвандон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосили хуб ба даст биёранд. Сокинони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда истодаанд. Бо ташаббуси сокинони деҳаи Офтоблиқо яке аз ҷойҳои таърихӣ ба гулзор табдил дода шуда, аз дидани ин мавзеъ кас ба худ ғизои маънавӣ мегирад. Чунин ободкориҳову бунёдкориҳо пайваста бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ карда мешавад.