БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ҲАР ЯК ВАҶАБИ ЗАМИН САҲМ ГУЗОШТАН ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021). Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар як қитъаи заминҳои бекорхобида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо кишоварзони шаҳр  суҳбату мулоқотҳо анҷом дода, хотиррасон намуданд, ки заминҳои бекорхобидаро ба гардиш дароварда,  ба меҳнати содиқона камари ҳиммат банданд.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Зарбдори деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб доир гардида, зимни мулоқот аз ҷониби ихтиёриён ба шаҳрвандони ин Ҷамоат маводҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемории коронавирус наздики беш аз 270 адад дастрас гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg