КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021).
Вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҳар як ваҷаб замин ба даст овардани то се ҳосил дар шаҳри Кӯлоб корҳои назаррас анҷом ёфта истодаанд.
Тавре кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар амал мушоҳида намуданд, ки деҳқонону хоҷагидорони деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба харҷ дода истодаанд.