БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар деҳаю маҳаллаҳои шаҳр оид ба самарнок истифода бурдани қитъаи замин ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус идома доранд. Зимни суҳбат бо шаҳрвандон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самаранок ва оқилонаи қитъаи замин расонида шуд.

Ин навбат дар деҳаи Корези поёни Ҷамоати деҳоти Зиракӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар рушду нумуи кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Ҳамзамон, барои истифодаи босамари замин аз ҷониби масъулин маслиҳатҳои муфид ба сокинон дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg