ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳаи Кӯҳдоман оид ба пешгирӣ аз коронаврус ва самаранок истифода бурдани замин бо усули «хона ба хона» Аксияи ҳизбӣ гузаронида шуда, намояндагони ҳизбӣ зимни тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки тибқи тавсияҳои кормандони соҳаи тандурустӣ амал кунанд, худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ба ин бемории хавфнок эмин нигоҳ доранд. Инчунин, ба ин монанд таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки заминҳои дар ихтиёрдошта дар таъмини амнияти озуқавоии кишвар ва баланд гардидани сатҳи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)